Посухи сардабири «Комсомолская правда» ба изҳороти Прокуратураи генералӣ

Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба имкони оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати хабарнигори газетаи «Комосомолская правда» Сергей Пономаревро сардабири ин нашрия Владимир Сунгоркин беасосу дур аз ҳақиқат унвон кард. «Айбномаҳои ҷониби Тоҷикистонро ман комилан дур аз воқеъият мешуморам. Ҳар кадоме аз хонандагоне, ки ба сомонаи kp.ru ворид мешаванд, осонакак ба ин эътимод ҳосил карда метавонанд. Гузориши […]

ASIA-Plus



Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба имкони оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати хабарнигори газетаи «Комосомолская правда» Сергей Пономаревро сардабири ин нашрия Владимир Сунгоркин беасосу дур аз ҳақиқат унвон кард.

«Айбномаҳои ҷониби Тоҷикистонро ман комилан дур аз воқеъият мешуморам. Ҳар кадоме аз хонандагоне, ки ба сомонаи kp.ru ворид мешаванд, осонакак ба ин эътимод ҳосил карда метавонанд. Гузориши Пономарев он ҷо гузошта шудааст», –

нашр кардааст

 посухи Владимир Сунгоркинро сомонаи «Комсомолская правда».

Дар маълумот ҳамчунин қайд мешавад, ки бар асари нашри ин гузориш моҳи июл дар Тоҷикистон чопу фурӯши «Комсомолская правда» боздошта шуд, ки дар ин ҷумҳурӣ аз соли 2006 нашр мешу два миёни хонандагон ҳаводорони зиёд дошт.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр гардид, ки нисбати хабарнигори газетаи «Комсомолская правда» Сергей Пономарёв ба иттиҳоми «барангехтани низоъи миллӣ», мақомоти прокуратура

парвандаи ҷиноӣ боз карда метавонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.