Қазоқистон ба довталабони тоҷик беш аз 90 квота ҷудо мекунад

Дар доираи созишномаҳои байнулмилалӣ Қазоқистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии ин кишвар беш аз 90 грант ҷудо мекунад. Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба намояндаи Вазорати маориф ва илми ин кишвар, имсол ба мактабҳои олии Қазоқистон қабули беш аз 90 – нафар аз Тоҷикистон, 4 нафар – аз Қирғизистон, 20 […]

ASIA-Plus



Дар доираи созишномаҳои байнулмилалӣ Қазоқистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии ин кишвар беш аз 90 грант ҷудо мекунад.

Бино ба

маълумоти

ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба намояндаи Вазорати маориф ва илми ин кишвар, имсол ба мактабҳои олии Қазоқистон қабули беш аз 90 – нафар аз Тоҷикистон, 4 нафар – аз Қирғизистон, 20 нафар – аз Чин, 1 нафар – аз Муғулистон, 1 нафар – аз Украина, 3 нафар – аз Беларус, 1 нафар – аз Миср ва 46 нафар довталабон аз Афғонистон дар назар аст.

Намояндаи Вазорат гуфтааст, имсол миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишномае ба имзо расидааст, ки мутобиқи он аз соли 2017 шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар шуъбаҳои омодагӣ нахонда, метавонанд дарҳол барои таҳсил дар курси аввали мактаби олӣ довталабӣ кунанд.

«Ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 ҷой ҷудо мегардад. Имсол аз 93 шаҳрванди Тоҷикистон, ки шуъбаҳои омодагиро хатм карданд, 77 нафарашон дар санҷиш барои довталабон иштирок карданд. Аз Вазорати маорифи Тоҷикистон боз барои қабули 20 шаҳрвнади дигар роҳхатнома расид. Ҳамин тариқ, соли 2016 ба мактабҳои олии Қазоқистон қабули 97 нафар тоҷикистониён дар назар аст», – афзудааст номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.