Омбудсмен муҷозоти гунаҳкорони бастани сомонаҳоро ваъда кард

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода бар ин назар аст, ки гунаҳкорони бастани сомонаҳои хабаргузориҳо бояд ҷазо дода шаванд. Зимни нишасти хабарӣ Зариф Ализода дар ин робита изҳор намуд, ки сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо мушкилоти техникӣ ё муҳтавои маводи нашршуда дар онҳо мебошанд. «Ман ҷонибдори танҳо бар асоси қонунгузории ҷорӣ баста […]

Мавзуна Абдуллоева



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода бар ин назар аст, ки гунаҳкорони бастани сомонаҳои хабаргузориҳо бояд ҷазо дода шаванд.

Зимни нишасти хабарӣ Зариф Ализода дар ин робита изҳор намуд, ки сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо мушкилоти техникӣ ё муҳтавои маводи нашршуда дар онҳо мебошанд. «Ман ҷонибдори танҳо бар асоси қонунгузории ҷорӣ баста шудани сомонаҳо ҳастам, вале агар дастрасӣ ба сомонаҳо бидуни қарори суд сурат гиранд, дар ин ҳолат гунаҳкорон бояд муҷозот шаванд», – иброз дошт Ализода.

Омбудсмен таъкид дошт, ки бо мақсади расидагӣ ба риоя нашудани ҳуқуқҳои дастрасии шаҳрвандон ба маълумот, бояд нисбати ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо), ки бидуни огаҳии расмӣ сомонаҳоро мебанданд, чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар мавриди ин масъала ба Хадамоти алоқа муроҷиат намуда, аз он ҷо хабар додаанд, ки қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба мушкилоти техникӣ марбут аст.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии санаи 3 август сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Ҷонибек Дадоматов изҳор кард, ки Хадамоти алоқа ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии васоити ахбори умум

ҳеҷ муносибате надорад.

«Маъмулан дар қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо Хадамоти алоқаро гунаҳкор медонанд, вале Хадамоти мо ба ин ҳеҷ муносибате надорад», – иброз дошт ӯ.

Қаблан низ Омбудсмен доир ба

зарурати андешидани чораҳо

нисбати ширкатҳои фароҳамсози интернет, ки бидуни санади расмӣ дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ мекунанд, изҳори назар карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.