Суди шаҳри Душанбе 18 нафар сокинони деҳоти Қалъаи Нави шаҳри Роғунро барои робита доштан бо гурӯҳҳои гуногуни тундгаро ва ифротгаро ба муҳлатҳои аз 3,5 то 10 соли зиндон маҳкум кард.
Аксари маҳкумшудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307 КҶ ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» наздикону пайвандони маҳкумшудагон иттилоъ доданд, Шуҳрат Фатҳиддинов ба 10 сол, табиби деҳоти Қалъаи Нав Фазлиддин Гадоев ва сокини маҳаллӣ Алишер Шамсиддинов ҳар кадоме ба 3,5 соли равонаи зиндон шудаанд.
Ба Афзалшоҳ Акаев, бародарон Муҳибулло, Маҳфизуллоҳ ва Қурбон Ғуломовҳо, Баҳрулло, Амруллоҳ ва Исмоил Кенҷаевҳо, Ибодуллоҳ Муродов, Зуҳриддин Одинаев, Баҳриддин Сатторов, Сайбурҳон Кенҷаев ва Абдуматин Шафиев аз 5 то 5,5 сол ҷазои зиндон таъин шуда, ғайр аз ин, дар баробари сокинони деҳа имомхатибони масҷиди маҳаллӣ Муборакшоҳ Ҳасанов ва Назрихӯҷа Холов низ маҳкум шудаанд. Маҳкумшудаи ҷавонтарин – Раҷабмурод Раҷабов 19-сола аст.
Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи боздошти гурӯҳи мардон аз Роғун аввали моҳи апрел дар ВАО инъикос гардида буд. Он замон гурӯҳи наздикону пайвандони боздоштшудагон назди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсиии пойтахт гирдиҳам омада, аз мақомот дархост карданд, ки сабаби боздошти наздикони онҳоро фаҳмонанд.
Баъдтар, санаи 10 март ВКД Тоҷикистон дар сомонаи худ аз боздошти сокинони шаҳри Роғун ва деҳоти наздики он «барои робита доштан бо гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро» хабар дод. Дар маълумоти ВКД зикр гардида буд, ки чанде аз боздоштшудагон ба сифати шоҳидон ба мақомот даъват шудаанд.
(Акс аз Радиои Озодӣ)





