Ҳукми 18 сокини Роғун барои даъватҳои тағйири сохти конститутсионӣ

Суди шаҳри Душанбе 18 нафар сокинони деҳоти Қалъаи Нави шаҳри Роғунро барои робита доштан бо гурӯҳҳои гуногуни тундгаро ва ифротгаро ба муҳлатҳои аз 3,5 то 10 соли зиндон маҳкум кард. Аксари маҳкумшудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307 КҶ ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон) гунаҳкор дониста […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди шаҳри Душанбе 18 нафар сокинони деҳоти Қалъаи Нави шаҳри Роғунро барои робита доштан бо гурӯҳҳои гуногуни тундгаро ва ифротгаро ба муҳлатҳои аз 3,5 то 10 соли зиндон маҳкум кард.

Аксари маҳкумшудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307 КҶ ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» наздикону пайвандони маҳкумшудагон иттилоъ доданд, Шуҳрат Фатҳиддинов ба 10 сол, табиби деҳоти Қалъаи Нав Фазлиддин Гадоев ва сокини маҳаллӣ Алишер Шамсиддинов ҳар кадоме ба 3,5 соли равонаи зиндон шудаанд.

Ба Афзалшоҳ Акаев, бародарон Муҳибулло, Маҳфизуллоҳ ва Қурбон Ғуломовҳо, Баҳрулло, Амруллоҳ ва Исмоил Кенҷаевҳо, Ибодуллоҳ Муродов, Зуҳриддин Одинаев, Баҳриддин Сатторов, Сайбурҳон Кенҷаев ва Абдуматин Шафиев аз 5 то 5,5 сол ҷазои зиндон таъин шуда, ғайр аз ин, дар баробари сокинони деҳа имомхатибони масҷиди маҳаллӣ Муборакшоҳ Ҳасанов ва Назрихӯҷа Холов низ маҳкум шудаанд. Маҳкумшудаи ҷавонтарин – Раҷабмурод Раҷабов 19-сола аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи боздошти гурӯҳи мардон аз Роғун аввали моҳи апрел дар ВАО инъикос гардида буд. Он замон гурӯҳи наздикону пайвандони боздоштшудагон назди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсиии пойтахт гирдиҳам омада, аз мақомот дархост карданд, ки сабаби боздошти наздикони онҳоро фаҳмонанд.

Баъдтар, санаи 10 март ВКД Тоҷикистон дар сомонаи худ аз боздошти сокинони шаҳри Роғун ва деҳоти наздики он «барои робита доштан бо гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро» хабар дод. Дар маълумоти ВКД зикр гардида буд, ки чанде аз боздоштшудагон ба сифати шоҳидон ба мақомот даъват шудаанд.

(Акс аз Радиои Озодӣ)

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.