Вохӯрии президент бо гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 8 август гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди СММ-ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти […]

Asia-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 8 август гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди СММ-ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайатҳои бонуфузи ин давлатҳоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар ин чорабинии сатҳи баланд боз як нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳукуматҳои кишварҳояшон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои меҳварии вобаста ба об, ки дар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дарҷ гардидаанд, ба ҳисоб меравад.

Тавре таъкид шуд, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар оғози соли ҷорӣ бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.

Дар мулоқот оид ба муҳимияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва мушкилоти глобалии вобаста ба обу беҳдошт табодули афкори судманд сурат гирифт. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки пешниҳоди нави ҷониби Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» ҷонибдории амиқ пайдо намуда  бо иқдомҳои наву муҳим дар соҳаи об  раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор вусъати тоза касб менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.