Озмуни аксҳои «Азия-Плюс» – «Тоҷикистони ман»



Иштирок бикун ва дастгоҳи аксбардорӣ (фотоаппарат) ё смартфони модели охиринро бурд намо!

Гурӯҳи расонахои «Азия-Плюс» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва 20-солагии таъсисиёбии худ таҳти унвони «Тоҷикистони ман» озмуни аксҳо баргузор мекунад. Ба иштирок дар озмуни мазкур ҳамаи хоҳишмандон – ҳам аксбардорони ҳирфаиву ҳам навкорону навоомӯзон даъват карда мешаванд.

Озмуни аксҳо аз 9 август то 9 сентябр дар сомона ва саҳифаи расмии «Азия-Плюс» дар Facebook гузаронида мешавад. Ба ҷонибдории акси писандомада ҳама гуна шахсон бо пахши аломати «Нравится» (Like) дар саҳифаи мо дар ФБ овоз дода метавонанд. Ҳар ҳафта аз овоздиҳӣ, ки 9 сентябр ба итмом мерасад, натиҷагирӣ мешавад.

Озмун аз рӯи 4 номинатсия – «Одамон. Рӯйдодҳо. Ҳаёти рӯзмарра»; «Табиат»; «Меъморӣ» ва «Сабк» (Стиль) доир мегардад. Ғолиб аз рӯи «лайк» (овозҳо)-и бадастовардааш муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, ҳайати ҳакамони махсуси «Азия-Плюс» аз байни иштирокчиёни 4 номинатсия ғолиби ҷоизаи асосӣ – Гран-приро низ эълон хоҳад кард.

Доир ба шартҳову муқаррарот ва дигар ҷузъиёти баргузории озмун


аз суроғаи зерин


маълумоти бештар муфассал дарёфт карда метавонед.

spot_imgspot_img

Популярное