Озмуни аксҳои «Азия-Плюс» – «Тоҷикистони ман» идома дорад

Барои иштирок дар озмуни аксҳои «Азия-Плюс» – «Тоҷикистони ман» ба идораи «Азия-Плюс» беш аз 100 акс ворид шуд. Озмун аз рӯи 4 номинатсия – «Одамон. Рӯйдодҳо. Ҳаёти рӯзмарра»; «Табиат»; «Меъморӣ» ва «Сабк» (Стиль) доир мегардад. Ғолиб аз рӯи «лайк» (овозҳо)-и бадастовардааш муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, ҳайати ҳакамони махсуси «Азия-Плюс» аз байни иштирокчиёни 4 […]

Asia--Plus



Барои иштирок дар

озмуни аксҳои

«Азия-Плюс» – «Тоҷикистони ман» ба идораи «Азия-Плюс» беш аз 100 акс ворид шуд.

Озмун аз рӯи 4 номинатсия – «Одамон. Рӯйдодҳо. Ҳаёти рӯзмарра»; «Табиат»; «Меъморӣ» ва «Сабк» (Стиль) доир мегардад. Ғолиб аз рӯи «лайк» (овозҳо)-и бадастовардааш муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, ҳайати ҳакамони махсуси «Азия-Плюс» аз байни иштирокчиёни 4 номинатсия ғолиби ҷоизаи асосӣ – Гран-приро низ эълон хоҳад кард.

Озмуни аксҳо то 9 сентябр дар сомона ва саҳифаи расмии «Азия-Плюс» дар Facebook гузаронида мешавад. Ҳар кадоме аз иштирокчиёни озмун ба суроғаи мо –

[email protected]

. барои ҳар як номинатсия як акс фиристода метавонад. Ба ҷонибдории акси писандомада ҳама гуна шахсон бо пахши аломати «Нравится» (Like) дар саҳифаи мо дар ФБ  –

https://www.facebook.com/newstj

. овоз дода метавонанд. Ҳар ҳафта аз овоздиҳӣ


натиҷагирӣ мешавад.

Доир ба шартҳову муқаррарот ва дигар ҷузъиёти баргузории озмун 


аз суроғаи зерин


 маълумоти бештар муфассал дарёфт карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов