«Газпром» саранҷом Тоҷикистонро тарк мекунад

Ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон – дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад. Дар ин бора дар ҳисоботи семоҳаи чанд рӯз қабл интишоршудаи ширкат хабар дода мешавад. Дар ҳисобот зикр мегардад, ки 18 майи соли равон Комиссияи марказӣ оид ба истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва раёсати интиқоли иҷозатномаҳои «Газпром» […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон – дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад. Дар ин бора дар


ҳисоботи семоҳаи


чанд рӯз қабл интишоршудаи ширкат хабар дода мешавад.

Дар ҳисобот зикр мегардад, ки 18 майи соли равон Комиссияи марказӣ оид ба истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва раёсати интиқоли иҷозатномаҳои «Газпром» «дар робита ба минбаъд ғайримақсаднок будани баргузории корҳои омӯзиши боигариҳои зеризаминӣ дар майдони Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ», оид ба супурдани иҷозатномаҳо тасмим гирифтааст ва лоиҳаҳои санадҳои дахлдор айни замон мавриди имзошавӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, иҷозатномаҳо барои корҳои омӯзиши геологии майдонҳои ояндадори Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ дар Тоҷикистонро ширкати «

Gazprom International

» 15 сентябри соли 2009 дастрас карда, онҳо то 15 сентябри соли 2018 амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 1 моҳ пеш сардори Саридораи геология назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон

изҳор намуда буд

, ки ширкати русиягии Gazprom International аз ҳукумати Тоҷикистон барои оғози корҳои пармакунӣ дар чоҳи дуюми майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав иҷозатнома дархост кардааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данғара) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) 

даст кашида буд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мебояд гуфт, айни замон дар Тоҷикистон корхонаи дигари фаръии «Газпром» – ҶДММ

«Газпромнефт – Тоҷикистон»

 низ фаъолият дорад, ки ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст.     

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.