Марги мармузи сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоб

Ҷасади рӯзи 22 июл гумшудаи сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Кенҷабой Ҷӯраев баъди чанд рӯз дар яке аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб дарёфт шуд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале то ҳанӯз ҳолатҳои марги ӯ норавшан боқӣ мемонанд. Бино ба иттилои  Радиои Озодӣ , ӯ дар рухсатии меҳнатӣ қарор […]

Asia--Plus



Ҷасади рӯзи 22 июл гумшудаи сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Кенҷабой Ҷӯраев баъди чанд рӯз дар яке аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб дарёфт шуд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале то ҳанӯз ҳолатҳои марги ӯ норавшан боқӣ мемонанд.

Бино ба иттилои 

Радиои Озодӣ

, ӯ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта, рӯзи 22 июл бедарак мешавад. Дар ин рӯз чанд нафар афроди ношинос ба хонааш омада, ӯро ба кӯча даъват кардаанд. Баъди ин ӯ ба автомашина нишаста, ҳамроҳи онҳо меравад.

Наздикони марҳум ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки Кенҷабой Ҷӯраев бинобар сабаби беморӣ дар хонааш қарор дошта, субҳи рӯзи 22 июл ба писари калониаш хабар медиҳад, ки ба қабули дармонгоҳи №12-и наздикии хонааш меравад.

«Он рӯз ӯ ҳатто телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-ашро бо худ нагирифт. Шоми ҳамон рӯз ҳамсараш ба мо аз бедаракшавии ӯ хабар дод. Муддати чанд рӯз мо ӯро аз бемористону мурдахона ва гирду атроф кофтем, вале натиҷае ҳосил нашуд. Дар бораи дар Хоҷа Оби Гарм дарёфт шудани ҷасади мард ба мо ҳамсояи яке аз бародаронамон хабар дод, ки худаш аз ҳамонҷост ва медонист, ки мо Кенҷабойро ҷустуҷӯ дорем. Ӯ ҳамчунин ба мо хабар дод, ки ҷасад ба мурдахонаи шаҳраки тиббӣ (медгородок) оварда шудааст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» пайвандони Ҷӯраев.

Онҳо фарзияи ба худкушӣ даст задани марҳумро, ки дар чанде аз ВАО садо дода буд, рад карданд. «Агар ӯ мушкиле медошт, мо аз он воқиф мебудем, зеро миёни мо ҳеҷ гоҳ ягон сирре вуҷуд надошт ва гузашта аз ин, чаро шахсе, ки ба худкушӣ даст заданист, бояд ба ҷои номаълуме мерафт? Ғайр аз ин, мо бо табиби муолиҷакунандаи ӯ суҳбат кардем, то ки эҳтимоли бемории ҷиддӣ доштани ӯро бифаҳмем, вале ба гуфтаи табиб, бемории ӯ ҷиддӣ набудааст», – ҳикоят карданд бародарони Кенҷаев.

Ҳамчунин онҳо намедонанд, ки бародарашон бо кадом касе ихтилофу носозие дошт. «Вақте мо ба шиносҳо, ҳамкорони собиқу ҳозираааш дар бораи марги ӯ хабар додем, ҳамаашон самимона изҳори андӯҳ карданд, чунки ӯ шахси ҳалиму меҳрубон буд», – мегӯянд наздиконаш, вале бо вуҷуди ин, мутмаинанд, ки ӯро куштаанд.

Дар оилаи серфарзанд ӯ хурдтарин (кенҷагӣ) буд. Айни замон вазъи модари 90-солааш хеле бад аст. Ҷӯраев ҳамсар ва 4 фарзанд дошт, ки хурдтарини онҳо 3-сола аст.

Наздиконаш ҳамчунин зикр карданд, ҳамаи маводи парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати тафтишоти минбаъда ба мақомоти прокуратураи ноҳияи Варзоб фиристода шуда, то ҳол онҳо аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ огаҳӣ надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.