Осеби офати табиӣ ба шаҳри Исфара

Аз маҷрои бузурги сел, ки шоми рӯзи 16 август ба шаҳри Исфара фаромад, сокинони шаҳраки Шӯроб, маҳаллаҳои Сомониён, Афғонҳо, микрорайонҳои 13, 14 ва 15, ҳамчунин деҳаҳои Навобод, Ҷазира ва Моҳпарӣ осеб диданд. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба Азия-Плюс» хабар дод, ки офати табиӣ ба манзилҳои сокинони маҳаллӣ, зербинои хоҷагиҳо, хатҳои интиқоли барқ […]

Аваз Юлдошев



Аз маҷрои бузурги сел, ки шоми рӯзи 16 август ба шаҳри Исфара фаромад, сокинони шаҳраки Шӯроб, маҳаллаҳои Сомониён, Афғонҳо, микрорайонҳои 13, 14 ва 15, ҳамчунин деҳаҳои Навобод, Ҷазира ва Моҳпарӣ осеб диданд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба Азия-Плюс» хабар дод, ки офати табиӣ ба манзилҳои сокинони маҳаллӣ, зербинои хоҷагиҳо, хатҳои интиқоли барқ зарар расонида, якчанд трансформаторҳо аз кор бароварда шудаанд ва ҳамчунин қариб муддати 1 соат ҳаракати нақлиёт дар роҳи асосии шаҳр ғайриимкон шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, босуръат болоравии сатҳи об дар дарёи Исафра ба обхезӣ боис гардида, ҳангоми ҳодиса ҳаҷми маҷрои об то ба 15 метри мукааб дар як сония баробар шудааст. «Комиссияи махсус таҳти сарварии раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода айни замон дар макони ҳодиса ба кор машғул аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.