Коҳиши сеяки даромади операторони хусусии алоқа

Дар муқоиса бо соли гузашта тӯли 7 моҳи соли равон ҳаҷми даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон қариб 33% коҳиш ёфт. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-июли соли 2016 ҳаҷми даромади операторони хусусӣ каме бештар аз 800 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 67,2%-и нишондиҳандаи ҳамин давраи соли […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо соли гузашта тӯли 7 моҳи соли равон ҳаҷми даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон қариб 33% коҳиш ёфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-июли соли 2016 ҳаҷми даромади операторони хусусӣ каме бештар аз 800 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 67,2%-и нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Даромадҳо аз фаъолияти операторони хусусӣ, оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи тоҷик» тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 892 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 29% камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон бо назардошти корбарон тариқи алоқаи мобилӣ ба миқдори 200 ҳазор нафар кам шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, ба санаи 1 июли соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар ҷумҳурӣ 2,8 млн. нафар ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ – беш аз 9,8 млн. нафарро ташкил додааст, ки 4,9 млн. нафарашон корбарони фаъол мебошанд.

Дар муқоиса бо аввали сол шумори корбарони алоқаи мобилӣ ба миқдори 1,4 млн. нафар, аз ҷумла муштариёни фаъол – ба миқдори 300 ҳазор нафар кам шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.