Умеди охирини Тоҷикистон барои дарёфти медалҳои Олимпиада



Рӯзи 16 август рӯйхати варзишгароне, ки дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI  тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд, эълон шуд.

Бино ба

иттилои

дафтари Матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ – A ва B – барпо мегардад. Дар ин мусобиқот аз Британияи Кабир, Булғористон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок мекунанд.

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба гурӯҳи В дохил аст. Дар ин гурӯҳ дунафарӣ аз Булғористону Британияи Кабир ва якнафарӣ аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Ӯзбекистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Булғористон, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон шомиланд.

Мусобиқоти гурӯҳи В рӯзи 17 август соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:05 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Навбати Дилшод Назаров сездаҳум аст. Ӯ таҳти рақами 2967 рақобат мекунад.

Бар асоси низомнома баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ аз байни 32 гурзандоз дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко(давидан ба масофаи 200 метр) – ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

spot_imgspot_img

Популярное