Боздиди сафири ИМА аз ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 16 август сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо натиҷаи дуюмин мулоқоти вазирон дар сиғаи С5+1, сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ёдрас мекунем, […]

Asia--Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 16 август сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо натиҷаи дуюмин мулоқоти вазирон дар сиғаи С5+1, сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 август дар Вашингтон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии  вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар сиғаи С5+1

ширкат варзида

, дар он масъалаҳои

ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА

дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, муҳити зист ва масъалаҳои башардӯстона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.