Вазъи ногувори кӯдакистонҳо дар ноҳияи Ашт (чандрасонаӣ)

Ҳоло дар ин мавзеъ 24 кӯдакистон мавҷуд аст, ки аз ин шумор ҳамагӣ 15 адад фаъоланд. Бархе аз биноҳои муассисоти томактабӣ, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаву рӯйи таъмирро надидаанд, тадриҷан вайрону валангор мешаванд. Ин бинои яке аз се кӯдакистони ҷамоати деҳоти Шодоба аст, ки айни замон аз ҳузури хурдсолон холист. Он 5 толори калон […]

Ҳаётҷони ОДИЛ, Парвиз ТУРСУНЗОДА, махсус барои ASIA-Plus

Ҳоло дар ин мавзеъ 24 кӯдакистон мавҷуд аст, ки аз ин шумор ҳамагӣ 15 адад фаъоланд. Бархе аз биноҳои муассисоти томактабӣ, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаву рӯйи таъмирро надидаанд, тадриҷан вайрону валангор мешаванд.

Ин бинои яке аз се кӯдакистони ҷамоати деҳоти Шодоба аст, ки айни замон аз ҳузури хурдсолон холист. Он 5 толори калон ва 13 ҳуҷра дошта, ҳанӯз то замони Истиқлол бунёд шудааст. Бо гузашти солҳо аз ин муассисаи томактабӣ танҳо харобазор боқӣ мондааст.

Даврони шӯравӣ дар ноҳияи Ашт 24 кӯдакистон сохта шуда, мавриди истифода қарор доштанд. Имрӯз ҳамагӣ 15 кӯдакистон фаъолият доранд. Ҳамзамон 9 бинои дигар нофаъоланд, хусусӣ шудаанд ё ғайримақсаднок истифода мешаванд.

Мушкилоти нарасидани кӯдакистон дар ноҳия эҳсос мешавад. Марбут ба ин масъала сокини 35-солаи ҷамоати деҳоти Шодоба Сабоҳат Қодирова , ки соҳиби 3 фарзанд аст, чунин шикоят кард: «Ман дар зиндагӣ аз сабаби надоштани маълумоти олӣ пешпо хӯрдам. Намехоҳам, ки фарзандонам ба чунин тақдири талх гирифтор шаванд. Онҳо зеҳни тез доранду чизҳои навро зуд аз бар мекунанд. Аммо ба кӯдакистон намераванд. Ҳар рӯз ба боғча рафтани фарзандони ҳамсояро дида, кӯдакони ман ҳам хархаша мекунанд. Худам бо чобуқ ва дигар корҳои саҳро машғулам, ки вазнин асту ҳаққи заҳматаш кам. Бар замми ин, касе нест, ки фарзандонамро нигоҳубин кунад. Намедонам, чӣ кор кунам».

Чанде пеш аснои нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ оид ба истифода нашудани бинои кӯдакистонҳо чунин гуфт: «Дар маркази ҷамоати Шодоба – шаҳраки Гулшан як хонаи бачагонаи ҳозиразамон ҳаст. Онро ба як соҳибкор пешниҳод кардем, ки иҷорапулият ҳам лозим нест, ҳаминро гирифта, обод кун. Ё дар маркази ҷамоати Ошоба чанд бино ҳаст, гуфтем, ки марҳамат гиред. Лекин мо – ҳукумат ҳозир шароит надорем. Шумо нағз медонед, ки мо як ноҳияи дотатсионӣ ҳастем».

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти раисони ҷамоатҳо, дар ноҳияи Ашт беш аз 21 ҳазор кӯдаки аз 2 то 6-сола иқомат доранд.

Ҳалли ин масъаларо Обидамо Каримова , мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт оид ба соҳаи муассисаҳои томактабӣ дар суҳбат бо мо чунин шарҳ дод: «Дар ноҳияи мо 550-560 нафар кӯдакон дар навбати шомилшавӣ ба кӯдакистонанд. Имрӯз дар худи як ҷамоати Шайдон зиёда аз 200 нафар ва ҳамин хел дар 8 ҷамоати дигар 50-70 нафарӣ дар навбат истодаанд. Мо имкони ҳамаи хурдсолонро ба кӯдакистон ҷо кардан надорем. Маркази инкишофи кӯдак дар назди мактабҳо таъсис додем. Ин ҳам ҳалли муаммо шуд – наздик ба 1000 кӯдакро мо ба мактабҳо ҷалб кардем. Кӯдаке, ки аз хона ба мактаб меравад, тамоман дигар асту ҳамоне, ки аз муасиссаи томактабӣ меравад, ӯ нисбатан тайёр аст. Бинобар ин, таъсис додани муассисаи томактабӣ хеле зарур аст».

Ҳамзамон Азиз Ҳошимов , равоншиноси мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №51 бар ин назар аст, ки тарбияи хурдсолон аз кӯдакистон оғоз шуда, ба ин васила роҳи онҳо ба дунёи маърифат боз мешавад. «Вақте тифли хурдсол ба кӯдакистон меравад, аввалан муносибат карданро бо атрофиён меомӯзад. Бо ҳамсолонаш табодули назар мекунад ва иттилои бештар мегирад, ки барои васеъ шудани ҷаҳонбинияш мусоидат мекунад. Аллакай ба дабиристон аз ҷиҳати маънавӣ комилан омода шуда меравад. Зеҳни кӯдаки хонашин нисбатан суст мешавад ва барои азбар кардани барномаи дабиристон мушкилӣ мекашад. Аз сабаби доим дар хона нишастан ҳолати равониаш бад шуда, асабонӣ мешавад», – изҳор дошт мутахассис.

https://www.youtube.com/watch?v=l6Pfcj609zA

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.