3 млн. $ ваъдаи ИМА барои дарёфти Гулмурод Ҳалимов

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки барои маълумот дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, 3 млн. доллари ИМА мукофотпулӣ пардохт намояд. Дар ин бора ёвари муовини котиби давлатии ИМА Курт Райс ба журналистгони тоҷик хабар дод. «Мукофот дар доираи барномаи  «Мукофот барои адлия» дода мешавад, ки […]

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки барои маълумот дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, 3 млн. доллари ИМА мукофотпулӣ пардохт намояд. Дар ин бора ёвари муовини котиби давлатии ИМА Курт Райс ба журналистгони тоҷик хабар дод.

«Мукофот дар доираи барномаи  «Мукофот барои адлия» дода мешавад, ки онро Дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатӣ амалӣ месозад. Шахси огаҳ аз маҳалли будубоши полковник метавонад дар ин хусус ба сафоратхонаи наздиктарини ИМА муроҷиат кунад ё маълумотро ба почтаи электронии сохторҳои дипломатии ИМА ([email protected]) ирсол намояд», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳалимов ҳамчун яке аз пешвоёни калидии Давлати исломӣ дониста шуда, дар ИМА, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигари шарик дар курсҳои омӯзишии пешгирии амалҳои террористӣ таълим гирифтааст. «Ӯ аз тарзу усулҳои мубориза бо терроризм огоҳ аст, аз ин рӯ, метавонад барои мо мушкилӣ эҷод кунад», – қайд кард Райс.

 

Қобили зикр аст, ки соли гузашта собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимови 40-сола ба рӯйхати террористони таҳти таҳрими ИМА шомил шуд.

Охири моҳи май суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду ҷияни Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники ба Давлати исломӣ фироркарда Гулмурод Ҳалимов, ҳар кадомеро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2014 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд. Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст.

Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд. Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.