Тоҷикистон маълумоти пурзӯр кардани посбонии марз бо Ӯзбекистонро рад мекунад

Раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон маълумоти интишоршуда аз ҷониби чанде аз васоити ахбори умум доир ба пурзӯр кардани посбонии марз бо Ӯзбекистонро рад мекунад. Сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар сарҳади давлатӣ бо Ӯзбекистон марзбонони тоҷик бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд. «Мувофиқи маълумотҳое, ки […]

Аваз Юлдошев

Раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон маълумоти интишоршуда аз ҷониби чанде аз васоити ахбори умум доир ба пурзӯр кардани посбонии марз бо Ӯзбекистонро рад мекунад.

Сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар сарҳади давлатӣ бо Ӯзбекистон марзбонони тоҷик бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

«Мувофиқи маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, сарҳадбонони кишвари ҳамсоя низ ҳеҷ гуна тадбирҳои пурзӯр кардани назорати сарҳадро пеш нагирифтаанд ва ба таври маъмулӣ фаъолият доранд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки қаблан нашрияи «Москивский комсомолец» бо истинод ба сарчашмаҳои наздик ба раҳбарияти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки пас аз маълумот дар бораи марги Ислом Каримов, Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъ дар марз бо Ӯзбекистон нигаронӣ дорад ва дар ин робита дар марзи ин ду кишвар ба тадбирҳои амниятӣ тақвият бахшидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.