Қисмати расмии таҷлили иди истиқлолияти Ӯзбекистон бекор шуд

Бо тасмими мақомоти Ӯзбекистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолияти ин кишвар, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст. Дар ин бора манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар миёни дипломатҳои хориҷӣ хабар додаанд. Қобили зикр аст, ки ҷашнҳои мардумӣ дар ин кишвар ба муносибати истиқлолият рӯзи 1 сентябр барпо мешавад. Ҳамасола Ислом Каримов […]

Радиои Озодӣ

Бо тасмими мақомоти Ӯзбекистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолияти ин кишвар, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст. Дар ин бора манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар миёни дипломатҳои хориҷӣ хабар додаанд.

Қобили зикр аст, ки ҷашнҳои мардумӣ дар ин кишвар ба муносибати истиқлолият рӯзи 1 сентябр барпо мешавад. Ҳамасола Ислом Каримов рӯзи 31 август мардумро ба муносибати истиқлолияти Узбакистон табрик мекунад.

Гуфта мешавад, дар барномаи идона, ки нашрияи расмии Газета.Уз рӯзи 30 август пахш кардааст, танҳо роҷеъ ба ҷашни мардумии иди истиқлолият дар рӯзи 1 сентябр сӯҳбат мешавад. Дар хабар омадааст, ки гаштугузори идона дар 12 боғи Тошканд муайян шудааст, аммо дар бораи бахши аввали барнома, ки бо суханронии раиси ҷумҳур оғоз меёбад, чизе гуфта нашудааст.

Зимнан, дафтари матбуоти президенти Ӯзбакистон барқияҳои табрикии раҳбарони даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла президентони ИМА, Чин, Тоҷикистон ва дигарҳоро ба унвонии Ислом Каримов ба муносибати рӯзи истиқлолияти ин кишвар нашр кардааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан хабаргузории «Фергана» доир ба марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд иттилоъ дода буд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи хабаргузориҳои «Интерфакс» ва РИА «Новости» ин хабарро рад кардаанд.

Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ВАО аллакай аз ворисони президенти Ӯзбекистон ном мебаранд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ба ҷойи Ислом Каримов нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва муовини нахуствазир Рустам Азимов президенти Ӯзбекистон шуда метавонанд, хабар медиҳад РБК.

Ҳамчунин дар ин робита васоити ахбори умум иттилоъ дода буданд, ки муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов баъди марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки алҳол тибқи маълумоти тасдиқнашуда рӯзи 29 август аз олам даргузаштааст, ба ҳабс гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.