Амалиёти «Бачаҳо» дар роҳҳои Тоҷикистон

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон эълон мекунад, ки аз 31 август то 10 сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Дар эълон қайд мешавад, ки ҳадаф аз гузаронидани амалиёт пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад. «Амалиёт ба баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар […]

Asia-Plus

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон эълон мекунад, ки аз 31 август то 10 сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад.

Дар эълон қайд мешавад, ки ҳадаф аз гузаронидани амалиёт пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

«Амалиёт ба баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо нигаронида шудааст», – қайд мешавад дар эълон.

Зимнан аз пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагони дархост мешавад, ки ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онҳоро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.