Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳи худ ба фаъолияти навбати аввали маҷмааи нассоҷӣ ҳусни оғоз бахшид

Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба бунёди ин маҷмааи нассоҷии дар минтақа беназир моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба бунёди ин маҷмааи нассоҷии дар минтақа беназир моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда, корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дузандагӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матоъи пахтагӣ дар як сол баробар буда дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад.

Зимни суханронӣ назди бинокорону коргарони маҷмаа Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳар сол дар кишвар 100-120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуда, ҳамагӣ 10-12 ҳазор тоннаи он дар дохили кишвар коркард мегардад ва боқимондаи он ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешавад.

Маҷмаи истеҳсолии имрӯз ифтитоҳшуда иқтидори пурра ба коркард фаро гирифтани пахтаи дар ҳудуди вилоят истеҳсолшударо доро буда, дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳи якуми ресандагӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар як моҳ 900 тонна ва дар як сол 10 ҳазору 800 тоннаро ташкил дода, дар маҷмӯъ, дар як сол ба 15 ҳазор тонна ашёи хом эҳтиёҷ дорад», – гуфт сарвари давлат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.