Эмомалӣ Раҳмон Ислом Каримовро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард

Дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон, ирсоли барқияҳои шодбошӣ ба унвони президенти ин кишвар Ислом Каримов аз сарони кишварҳои ҷаҳон идома дорад. Хадамоти матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷумла ба ин муносибат ба Ислом Каримов аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ расидааст. Ҳамчунин Ислом Каримовро бо ҷашни […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон, ирсоли барқияҳои шодбошӣ ба унвони президенти ин кишвар Ислом Каримов аз сарони кишварҳои ҷаҳон идома дорад.

Хадамоти матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷумла ба ин муносибат ба Ислом Каримов аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ расидааст.

Ҳамчунин Ислом Каримовро бо ҷашни 25-солагии Истиқлолият сарони кишварҳои ИМА Барак Обама ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин табрик кардаанд.

Табрикоти худро ба президенти Ӯзбекистон ҳамчунин сарони кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Беларус, Украина, Туркманистон, Олмон, Лаҳистон ва дигар кишварҳо низ ирсол намудаанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан васоити ахбори умум бо истинод ба манобеи дипломатӣ дар Тошканд хабар дода буданд, ки бо тасмими мақомоти Ӯзбекистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолияти ин кишвар, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.