Духтари Каримов: Ниятҳои неки мардум ба шифои падарам кумак мекунанд

Лола Тиллоева, духтари хурдии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов изҳор доштааст, ки вазъи солимии падараш рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи Фейсбук хабар додааст. Лола Тиллоева ҳамчунин мардуми Ӯзбекистонро бо ҷашни Истиқлолияти кишвар, ки пагоҳ, 1 сентябр таҷлил мегардад, низ табрику таҳният гуфтааст: «Аз самим қалб ҳамаи ҳамватанонамро […]

Asia-Plus

Лола Тиллоева, духтари хурдии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов изҳор доштааст, ки вазъи солимии падараш рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи Фейсбук хабар додааст.

Лола Тиллоева ҳамчунин мардуми Ӯзбекистонро бо ҷашни Истиқлолияти кишвар, ки пагоҳ, 1 сентябр таҷлил мегардад, низ табрику таҳният гуфтааст: «Аз самим қалб ҳамаи ҳамватанонамро бо ҷашни Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям! Ман ба мардуми меҳнатқарину ниҳоят боистеъдод ва меҳрубону нармдили Ӯзбекистон хушбахтиву некӯаҳволӣ орзу мекунам. Бо истифода аз фурсати қулай ҳамчунин аз ҳамаи Шумо барои ниятҳои неку самимона ва дастгиратон баҳри ҳарчи зудтар шифои ёфтани Президент минатдорам! Ин барои мо хеле муҳим аст ва бовар дорам, ки нерӯи бузургу хайру некиҳое, ки аз самимона аз умқи қалбҳои шумо бармехезад, ба шифои ӯ кумак хоҳанд кард».

Дар ҳамин ҳол, қаблан бахши узбакии Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳо дар миёни дипломатҳои хориҷӣ хабар дода буданд, ки бо тасмими мақомоти Ӯзбекистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолияти ин кишвар, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.