Тамдиди муҳлати ҷазои варзишгари тоҷик ба иттиҳоми лату кӯби мухлиси «Трактор»

Зинаи таҷдиди назари суди вилояти Челябински Русия муҳлати ҷазои зодаи Тоҷикистон, варзишгар Комил Ҷамиловро, ки ба мухлиси дастаи хоккейи «Трактор» Виталий Спиридонов зарбаи марговар зада буд, ба муддати беш аз 6 сол дарозтар кард. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, акнун ба ивази 3,8 соли зиндони низоми умумӣ, ӯ ба 10 соли […]

Asia-Plus

Зинаи таҷдиди назари суди вилояти Челябински Русия муҳлати ҷазои зодаи Тоҷикистон, варзишгар Комил Ҷамиловро, ки ба мухлиси дастаи хоккейи «Трактор» Виталий Спиридонов зарбаи марговар зада буд, ба муддати беш аз 6 сол дарозтар кард. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, акнун ба ивази 3,8 соли зиндони низоми умумӣ, ӯ ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Роҳбари хадамоти матбуои суди вилоят Евгения Натсиевская гуфтааст, Ҷамиловро ҳамчунин зарур аст, ки ба оилаи марди ҳалокшуда беш аз миллион рубл маблағ пардохт намояд.

Ғайр аз ин, зодаи Тоҷикистон ба пардохти ҷуброни молӣ (хароҷоти гурӯ чӯб) ба маблағи  73 ҳазор рубл, ҳамчунин ба сифати ҷуброни зиёни молӣ ба ҷабрдидаи дуюм – 150 ҳазор рубл ва барои зарари молии расонидашуда (хароҷоти табобат) – ҳудуди 55 ҳазор рубл низ уҳдадор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн собиқ варзишгари навъи омехтаи ҳарб (ММА), зодаи Тоҷикистон Комил Ҷамилов барои қатли мухлиси дастаи хоккейи «Трактор»-и шаҳри Чклябинск Виталий Спиридонов ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.