Дар Данғара маҷмааи муҳташами варзишӣ боз шуд

Дар маркази ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди иншооти муосири соҳаи варзиш наздики 100 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд. Гуфта мешавад, маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, […]

Наим Халимов

Дар маркази ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди иншооти муосири соҳаи варзиш наздики 100 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.

Гуфта мешавад, маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии майдони он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва он аз толорҳои баргузории мусобиқаҳои намуди гуштин, каратэ, гуштини тарзи дзюдо ва гимнастика, толори калони варзиши универсиалӣ бо 2 ҳазору 148 ҷой нишаст барои тамошобинон, утоқҳои кори мураббиён ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Зимни шиносоӣ аз шароити муҷтамеи варзишӣ, сарвари давлат бозии дастаҳои варзишии ноҳияро тамошо карда,  ифтитоҳи ин маркази бошукуҳи варзиширо ба онҳо муборакбод намуд ва ба сифати кори сохтмончиён баҳои арзанда дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.