Манъи охирини ҳаракати нақлиёт дар маркази Душанбе

Date:

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, пеш аз гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки санаи 8 сентябр доир мегардад, ҳаракати нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт бори охирин рӯзи 6 сентябр манъ карда мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи 7 сентябр гузаштҳои тамринӣ доир намегарданд. “Рӯзи 6 сентябр аз соати 8-и субҳ то 10-30 дақиқа ҳаракати нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” манъ карда мешавад”, – изҳор дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки қариб тамоми моҳи август дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт машқу тамринҳо ба ин гузашт ҷараён доштанд ва аз соати 19 то 22-и шом ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр қатъ мешуд.

Ба гузашти низомӣ, ки санаи 8 сентябр ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият дар майдони “Дӯстӣ” баргузор мешавад, мушовири вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, онро вазири мудофиа генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул ва дар навбати худ дар бораи омодагии сарбозону афсарон ба гузашти низомӣ ба сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон гузориш медиҳад.

Дар ин сафороии низомӣ иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарон дар назар аст. Дар гарнизонҳои Суғду Хатлон ва Хоруғу Рашт дар маҷмӯъ 9 ҳазор сарбозону афсарон сафороӣ мекунанд. Авиатсия ва техникаи ҳарбӣ имсол ба гузашт сафарбар намешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...