Барои соҳиби билети ройгон шудан, ҳарчи бештар мебояд маблағи пулӣ интиқол дод.
Низоми интиқоли маблағҳои пулии ЮНИСТРИМ эълон кардааст, ки бо интиқоли пул тариқи ин низом ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, мизоҷон метавонанд соҳиби билети бепул ба консерти Юлдуз Усмонова шаванд.
Гуфта мешавад, ин иқдом то 18 сентябри соли равон идома ёфта, барои иштирок дар он ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон маблағи пулӣ интиқол додан зарур аст ва агар шумори маблағҳои пулии интиқолдодаи мизоҷ ҳар чӣ қадар бештар бошад, имкони бурди ӯ низ зиёдтар мешавад. Маблағи умумии интиқоли пул бояд аз 10 ҳазор рубл оғоз гардад.
Ғолибони ин аксия 19 сентябр эълон мешавад. Консерти овозхони писандидаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова рӯзи 24 сентябр дар шаҳри Маскав доир мегардад.


