Адвокат Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебарояд

Адвокати маъруфи тоҷик Шуҳрат Қудратов тибқи қонуни авфи ба муносибати 25-солагии Истиқлолият қабулшуда ба озодӣ мебарояд. Ӯ моҳи январи соли гузашта маҳкум шуда, айни замон дар муассисаи ислоҳии №3/4, воқеъ дар шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад. Пайвандону наздикони Шуҳрат Қудратов ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ба наздикӣ ӯ аз зиндон раҳо шуда, имрӯз санаи аз […]

Мавзуна Абдуллоева

Адвокати маъруфи тоҷик Шуҳрат Қудратов тибқи қонуни авфи ба муносибати 25-солагии Истиқлолият қабулшуда ба озодӣ мебарояд. Ӯ моҳи январи соли гузашта маҳкум шуда, айни замон дар муассисаи ислоҳии №3/4, воқеъ дар шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад.

Пайвандону наздикони Шуҳрат Қудратов ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ба наздикӣ ӯ аз зиндон раҳо шуда, имрӯз санаи аз маҳбас раҳо шудани ӯ муайян мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январи соли 2015 суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид  маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Аввали моҳи марти ҳамин сол Суди олии Тоҷикистон аз муҳлати ҷазои адвокат Шуҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам кард. Ӯ ҳамчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87,6 ҳазор сомонӣ низ уҳдадор шуд.

Шуҳрат Қудратов яке аз адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов мебошад, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.