Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон медали “Акбари Саттор”-ро таъсис дод

Date:

Иттиҳоди журанлистони Тоҷикистон (ИЖТ) ба ифтихори собиқ раиси Иттиҳоди мазкур Акбари Саттор, ки тӯли 10 сол ин ниҳодро роҳбарӣ карда буд, медали ба номи “Акбари Саттор”-ро таъсис дод. Дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси ӯ ҳаккокӣ мешавад.

Аз ИЖТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки медал ба хотири рушди матбуоти тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати касбии рӯзноманигорон таъсис дода шудааст.

“Журналистоне, ки бо ин медал қадрдонӣ мешаванд, дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябри раёсати Иттиҳод муайян карда хоҳанд шуд”, – гуфт як манбаъ дар ИЖТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи қарибулвуқӯъ ҳамчунин номи нафароне, ки ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ лоиқ дониста мешаванд, низ эълон хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор моҳи августи соли 2015 дар синни 51-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...