Аз нигоҳи сатҳи солимии аҳолӣ дар ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад

Date:

Маҷаллаи тиббии бритониёии The Lancet феҳристи кишварҳо аз нигоҳи сатҳи солимиии аҳолиро интишор намуд, ки Тоҷикистон дар он бо 59 имтиёз аз 100 имтиёзи имконпазири ниҳоӣ байни Парагвай ва Никарагуа зинаи 99-умро ишғол кардааст.

Дар рейтинги мазкур ба кишварҳо аз лиҳози нишондиҳандаҳои сатҳи гигиена, маргу мири кӯдакон, истеъмоли машрубот, тамокукашӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешавад.

Мақоми кишварҳои собиқ шӯравӣ дар ин рейтинг ба таври зайл аст: Гурҷистон – зинаи 106 (58 имтиёз), Қирғизистон – 113 (56), Украина – 118 (54), Русия – 119 (64), Беларус – 120 (53), Эстония – 29 (74), Латвия – 45 (69), Литва – 47 (68), Ӯзбекистон – 55 (67), Туркманистон – 60 (66), Озарбойҷон – 75 (63), Молдова – 80 (62), Қазоқистон – 86 (62) ва Арманистон – 86 (62).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар зинаҳои охири феҳрист Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 20 имтиёз, Сомали – 22 имтиёз ва Судони Ҷанубӣ – 22 имтёз ҷойгир шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...