Аз нигоҳи сатҳи солимии аҳолӣ дар ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад

Маҷаллаи тиббии бритониёии The Lancet феҳристи кишварҳо аз нигоҳи сатҳи солимиии аҳолиро интишор намуд, ки Тоҷикистон дар он бо 59 имтиёз аз 100 имтиёзи имконпазири ниҳоӣ байни Парагвай ва Никарагуа зинаи 99-умро ишғол кардааст. Дар рейтинги мазкур ба кишварҳо аз лиҳози нишондиҳандаҳои сатҳи гигиена, маргу мири кӯдакон, истеъмоли машрубот, тамокукашӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешавад. Мақоми […]

Asia-Plus

Маҷаллаи тиббии бритониёии The Lancet феҳристи кишварҳо аз нигоҳи сатҳи солимиии аҳолиро интишор намуд, ки Тоҷикистон дар он бо 59 имтиёз аз 100 имтиёзи имконпазири ниҳоӣ байни Парагвай ва Никарагуа зинаи 99-умро ишғол кардааст.

Дар рейтинги мазкур ба кишварҳо аз лиҳози нишондиҳандаҳои сатҳи гигиена, маргу мири кӯдакон, истеъмоли машрубот, тамокукашӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешавад.

Мақоми кишварҳои собиқ шӯравӣ дар ин рейтинг ба таври зайл аст: Гурҷистон – зинаи 106 (58 имтиёз), Қирғизистон – 113 (56), Украина – 118 (54), Русия – 119 (64), Беларус – 120 (53), Эстония – 29 (74), Латвия – 45 (69), Литва – 47 (68), Ӯзбекистон – 55 (67), Туркманистон – 60 (66), Озарбойҷон – 75 (63), Молдова – 80 (62), Қазоқистон – 86 (62) ва Арманистон – 86 (62).

Дар зинаҳои охири феҳрист Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 20 имтиёз, Сомали – 22 имтиёз ва Судони Ҷанубӣ – 22 имтёз ҷойгир шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.