Боздошти гурӯҳи мусаллаҳи ғоратгарон дар пойтахт

Чор нафар аъзои эҳтимолии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар пойтахт боздошт шуданд. Онҳо ба дуздӣ ва ҳамлаи ғоратгарона бо истифода аз силоҳ гумонбар дониста мешаванд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки ахири ҳафтаи сипаришуда чор нафар сокинони 22 ва 24-солаи пойтахт ба гумони ғоратгарии мусаллаҳона боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, муайян карда […]

Asia-Plus

Чор нафар аъзои эҳтимолии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар пойтахт боздошт шуданд. Онҳо ба дуздӣ ва ҳамлаи ғоратгарона бо истифода аз силоҳ гумонбар дониста мешаванд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки ахири ҳафтаи сипаришуда чор нафар сокинони 22 ва 24-солаи пойтахт ба гумони ғоратгарии мусаллаҳона боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршудагон шаби 30-юми августи соли равон, тахминан соати 01:30-дақиқа, бо маслиҳати пешакӣ гурӯҳи ҷинояткори муташаккилро ташкил дода, бо мақсади содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии зани 47-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо таҳдиди корд ва як адад тапончаи тамғаи “ПМ” ҷабрдидаро лату кӯб намудаанд.

«Бо содир намудани чунин кирдор, гурӯҳи ҷиноятпеша 38 ҳазор рубли Федератсияи Россия, се адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Nokia” ва “Sumsung” арзишашон 1 ҳазору 500-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.