Нисфи ҳосили пешбинишудаи пахта ҷамъоварӣ шуд

Date:

То имрӯз кишоварзони тоҷик нисфи ҳосили пешбинишудаи пахтаро ҷамъоварӣ намуда, то охири сол ба ҷамъоварии 368 ҳазор тонна ҳосили ин навъи зироат ноил гардиданианд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, аз оғози мавсим дар ҷумҳурӣ ҳудуди 175 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки қариб нисфи ҳосили тибқи нақша пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки айни замон ҳамарӯза беш аз 2,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, зиёда аз 71 ҳазор нафар ба чиниши пахта машғуланд. «Имрӯзҳо дар майдонҳои кишти пунбадонаи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил босуръат идома дошта, деҳқонон баҳри беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ кардани ҳосил тамоми имконоту захираҳои худро сафарбар намудаанд», – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Мавсими чиниши пахта дар Тоҷикистон имсол аввали моҳи сентябр, тақрибан як ҳафта дертар аз вақти маъмулӣ шурӯъ шуд.

Гуфта мешавад, имсол дар майдони умумии беш аз 162,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ин миқдор зиёда аз 155,5 ҳазор гектар – ба вилояти Хатлон, ҳудуди 4 ,2 ҳазор гектар – ба вилояти Суғд ва беш аз 2,8 ҳазор гектар – ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони умумии наздики 160 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шуда буд, вале ба кишоварзон ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна пахта муяссар шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз алюминий пахта маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...