Дар гузориши моҳи октябри Хазинаи байнулмилалии асъор «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» (World Economic Outlook) дурнамои рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон нисбатан беҳтар – дар сатҳи 6% пешгӯӣ шудааст.
Дар оғози сол таҳлилгарони Хазина рушди ММД Тоҷикистонро то охири сол дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% пешгӯӣ карда буданд. Тибқи пешгӯии ХБА, соли 2017 рушди ММД-и ҷумҳурӣ метавонад то нишондиҳандаи 3,4% поин равад.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рушди аз ҳама бештари ММД давоми ду соли наздик дар Ӯзбекистон – 6%-ӣ пешгӯӣ шуда, солҳои 2016-2017 рушди ММД дар Туркманистон – 5,4%-ӣ; Қазоқистон – соли 2016 – 0,8% ва соли 2017 аз 1% то ба 0,6% ва Қирғизистон – соли 2016 – 2,2% ва соли 2017 – 2,3% арзёбӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ 32 млрд. 352,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар таносуби нархҳо 6,7% зиёдтар мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи на камтар аз 7% интизорӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,2%, сатҳи таваррум – 7%; Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,5%; Хазинаи байнулмилалии асъор рушди ММД Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% ва мизони таваррумро – 8,2% пешгӯӣ мекунанд.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сатҳи рушди ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро – 4,8% ва мизони тавррумро – 7,5% пешгӯӣ кардаанд.
Қобили зикр аст, ки дар гузориши «Шароити қолабӣ ва маблағгузорӣ ба рушди бахшу хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD/GREAT), ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) омода шудааст, қайд мешавад, ки тайи се соли ахир дар пешгӯиҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ фарқ ба мушоҳида мерасад.


