Samsung аз харидорон қатъи кори Galaxy Note 7-ро дархост кард

Date:

Ширкати Samsung Electronics доир ба боздоштани фурӯши телефонҳои Galaxy Note 7, ки чандин маротиба дар дохили ҳавопаймоҳо оташ гирифтанд, маълумот интишор намуда,  аз афроде, ки онро харидаанд, хомӯш кардан ва дигар ба кор надаровардани онро дархост намудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters бо такя ба маълумоти ширкати Кореяи Ҷанубӣ, Samsung аз ҳамаи шарикони худ дар ҷаҳон хоҳиш кардааст, ки дар муддати санҷиши расмӣ фурӯш ва табодули смартфонҳои Galaxy Note 7-ро қатъ созанд.

Ин маълумот дар сомона барои корбарон дар ИМА интишор шуда, дар торнамо барои корбарони Русия то замони нашри ин хабар дар ин хусус маълумот вуҷуд надошт. Барои корбарони ИМА ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки бо телефон барои машварат муроҷиат намуда, метавонанд смартфони худро бо Galaxy S7 ё Galaxy S7 edge бо имкони бонуси 25 доллар иваз намоянд.

Намояндаи комиссияи амрикоии ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолгарон Эллиот Кей ин тасмими Samsung-ро дуруст арзёбӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки яке аз смартфонҳои Galaxy Note 7 баъди камтар аз як шабонарӯз харидорӣ шуданаш аз ҷониби сокини 25-солаи Чин Хуэй Ренҷи дар дасти молики он таркида, бар асари он ду ангушти ӯ каме осеб дид. Пас аз ин 10 октябр ширкати Samsung изҳор дошт, ки истеҳсоли смартфонҳои Galaxy Note 7 муваққатан боздошта мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...