Иҷозаи барафрохтани парчам дар болои манзилҳои шаҳрвандони Тоҷикистон

Date:

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи рамзҳои давлатӣ»-ро, ки ба шаҳрвандони қаторӣ барои барафрохтани парчами давлатӣ дар болои манзилҳояшон ҳуқуқ медиҳад, маъқул донист.

Мувофиқи тағйироти қабулшуда, акнун минбаъд шаҳрвандони кишвар ба хотири арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзи давлатӣ, ба барафрохтани парчам дар болои манзилҳои худ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Ба ширкатҳои хусусӣ ва корхонаҳо низ сарфи назар аз шакли моликият, чунин ҳуқуқ дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қонуни ҳанӯз соли 2007 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон» ба барафрохтани парчами давлатӣ танҳо дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғҳои фарҳангу истироҳат ҳуқуқ медод.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2009 санаи 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчаи миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ карда шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Ҳамин сол рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ парчами дарозиаш беш аз 2 ҳазор метр, паҳноиаш 7 метр ва вазни умумиаш 860 кило аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузаронида шуд.

Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ поя бо парчами давлатӣ гузошта шуд, ки бо назардошти баландии ҷойгиршавии шаҳр аз сатҳи баҳр, ҳукуматдорони Тоҷикистон онро баландтарин дар ҷаҳон унвон карданд.

«Бо инобати мавқеи ҷуғрофии ВМКБ, ки онро «Боми ҷаҳон» низ меноманду дар баландии зиёда аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, ин парчам низ дар баландии беназир дар ҷаҳон парафшонӣ хоҳад кард», – навишта буд дар ин робита нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...