Тасҳеҳ ба қонуни иҷозаи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ муҳлати иҷозатнома ба шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд, аз 5 то ба 3 сол кам карда шуд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода изҳор намуд, ки шумори квота […]

Аваз Юлдошев

Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ муҳлати иҷозатнома ба шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд, аз 5 то ба 3 сол кам карда шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода изҳор намуд, ки шумори квота барои ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷиро ҳамасола ҳукумат муайян мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ шумори квотаҳои ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 8 ҳазор муқаррар шуда, ин асосан мутахассисоне мебошанд, ки Тоҷикистон ба онҳо ниёзи шадид дорад ва то 1 сентябр аз ин шумори квоатҳо 4,5 ҳазор ададаш истифода шудааст.

Ӯ хотирррасон намуд, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, дар корхонаҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд, на бештар аз 20%-и коргарон ва мутахассисонашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил дода метавонанд.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаҳое, ки дар кишвари мо бар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ амалӣ мешаванд, танҳо 30% шаҳрвандони хориҷӣ кор карда метавонанд. Боқимонда ҳатман бояд шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.