Иҷозаи барафрохтани парчам дар болои манзилҳои шаҳрвандони Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи рамзҳои давлатӣ»-ро, ки ба шаҳрвандони қаторӣ барои барафрохтани парчами давлатӣ дар болои манзилҳояшон ҳуқуқ медиҳад, маъқул донист. Мувофиқи тағйироти қабулшуда, акнун минбаъд шаҳрвандони кишвар ба хотири арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзи давлатӣ, ба барафрохтани парчам дар болои манзилҳои худ ҳуқуқ пайдо мекунанд. […]

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи рамзҳои давлатӣ»-ро, ки ба шаҳрвандони қаторӣ барои барафрохтани парчами давлатӣ дар болои манзилҳояшон ҳуқуқ медиҳад, маъқул донист.

Мувофиқи тағйироти қабулшуда, акнун минбаъд шаҳрвандони кишвар ба хотири арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзи давлатӣ, ба барафрохтани парчам дар болои манзилҳои худ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Ба ширкатҳои хусусӣ ва корхонаҳо низ сарфи назар аз шакли моликият, чунин ҳуқуқ дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қонуни ҳанӯз соли 2007 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон» ба барафрохтани парчами давлатӣ танҳо дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғҳои фарҳангу истироҳат ҳуқуқ медод.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2009 санаи 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчаи миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ карда шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Ҳамин сол рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ парчами дарозиаш беш аз 2 ҳазор метр, паҳноиаш 7 метр ва вазни умумиаш 860 кило аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузаронида шуд.

Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ поя бо парчами давлатӣ гузошта шуд, ки бо назардошти баландии ҷойгиршавии шаҳр аз сатҳи баҳр, ҳукуматдорони Тоҷикистон онро баландтарин дар ҷаҳон унвон карданд.

«Бо инобати мавқеи ҷуғрофии ВМКБ, ки онро «Боми ҷаҳон» низ меноманду дар баландии зиёда аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, ин парчам низ дар баландии беназир дар ҷаҳон парафшонӣ хоҳад кард», – навишта буд дар ин робита нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.