“МегаФон Тоҷикистон” ба донишҷӯён ҳиллаҳои маркетинги пурсамарро ошкор намуд

Иттилоияи расмӣ

Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон нахустин дарси устодон аз рӯйи лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд шоу” баргузор гардид. Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Дмитрий Семёнов ба донишҷӯён дар хусуси офаридани тамғаҳои бомуваффақ ва усулҳои асосии пешбарии маҳсулот ва хизматрасониҳо суханронӣ намуд.      

 “Нисбат ба мутолиаи китобҳои дарсӣ дар бораи муваффақиятҳо ва нобарориҳои дигарон хондан басо муфид аст” – чунин қоидаро кордон аз “МегаФон Тоҷикистон” барои нақл намудан оид ба  ҳиллаҳои маркетинг интихоб намудааст. Аз саргузаштҳои ширкатҳои воқеӣ мисол оварда ӯ бо чӣ тарз фаъолият намудани қонунҳои бозорро намоиш дод ва ба донишҷӯён як қатор маслиҳатҳои таҷрибавӣ дод. Акнун хонандагони ДСРТ чӣ тавр нархҳои рақобатнок гузоштан, маҳсулоти худро таблиғот намудан ё ба маҳсулот “исми дуруст” дарёфт карданро хуб дарк мекунанд.

 “Вазифаи мутахассиси маркетинг –дар хусуси афзалиятҳои маҳсулоти худ аниқ ва равшан нақл намудан. Ин бисёр оддӣ мебошад, агар пешниҳоди ту навтар, босуръат, зеботар ё бехатар бошад. Аксар вақт дигар хусусиятҳои ба маҳсулот вобастаро ҷустуҷӯ намудан зарур меояд, – мисол, дар бобати  пешсафии ширкат ё анъанаҳои миллӣ сухан намудан. Чӣ гуна хусусияте, ки интихоб нагардад, ӯро чунон пешкаш бояд намуд, ки харидори эҳтимолӣ манфиатро барои худ дарёбад”, – маслиҳат намуд ба донишҷӯёни ДСРТ Дмитрий СЕМЕНОВ.

Роҳбалади дарси устодон маркетологони ояндаро аз иштибоҳ қаблан огоҳ намуд – ба монанди эътибор накардани рақибон ё интихоб намудани стратегияи нодурусти пешравӣ. “Худписандӣ – душмани асосии маркетинги муваффақ мебошад”, – қайд намуд роҳбалад.

 “Маркетинги пурсамар” силсилаи вохӯриҳои роҳбарияти “МегаФон Тоҷикистон”-ро бо хонандагони ДСРТ оғоз намуд. Тӯли соли хониш дарсҳои устодон дар мавзӯҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд: донишҷӯён дар бораи технологияҳои алоқаи муосир, хуссусиятҳои фаъолият дар робита бо ҷомеа, стратегияҳои идоракунии муваффақи ширкатҳои бузург ва дигар бисёр масъалаҳои дар бозори муосири меҳнат муҳим маълумот ба даст хоҳанд овард. Донишҷӯёни фаъол ва бомаҳорат метавонанд дар ширкат таҷриба омӯхта дар бораи корфармоёни беҳтарини ҷумҳурӣ  тасаввуроти дақиқ дарёфт намоянд.

“Аз ширткаҳои “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” ҷиҳати гузаронидани  чунин чорабинии шавқовар сипосгузорам! Барои худ бисёр чизҳои нав ва муфид барои пешравиҳо дар мансаб ва тиҷорат дар соҳаи ТИ дарёфт намудам. Инчунин ба кормандони ДСРТ барои ба “барномаи таълимии роуд – шоу” таклиф намудан низ миннатдорам. Бахусус бисёр ҷолиб буд дар озмун иштирок варзидан ва соҳиби мукофот гардидан! – сухан намуд донишҷӯйи курси 3 факултаи “Идора ва технологияҳои иттилоотӣ” Нурулло ИСМОИЛОВ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...