АНОНС
– Аз 16 то 20 ноябр дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон баргузор мешаванд;
– Аз 13 то 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ спектакли нави «Зол ва Рӯдоба» аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ намоиш дода мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8765 сомонӣ;
1 евро – 8.4239 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1167 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1937 – Дар Душанбе муҷассамаи В.В. Куйбишев қомат афрохт.
2004 – Маросими ифтитоҳи амфитеатри пойтахт баргузор шуд.
2006 — Маркази электронии низоми назорати фазои кайҳонии «Норак» пурра ба ихтиёри Русия супурда шуд.
2009 — Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи истифодаи лампаҳои cермасраф (пуршиддат)-и барқ дар Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.
1909-1966 – Зодрӯзи фолклоршинос ва тарҷумон Клавдия Улуғзода.
1930 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аъло Аълоев.
1967 – Зодрӯзи рӯзноманигор Мавҷудаи Соҳибназар.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда,аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона -1+4.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.


