Лоиҳаи «Саводнокии молиявӣ»: Интиқоли маблағҳо

Дар мавзӯи имрӯза мо Интиқоли маблағ ва бартариятҳои онро дида мебароем. Зарурати интиқоли маблағ дар ҳаёти қариб ҳама пайдо мешавад. Сабабҳо метавонанд гуногун бошанд: пардохти мол ё хизматрасонӣ, додани маблағ ба хешовандон ва дигарон. Дар айни замон, қариб ҳамаи бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ ба номгўи хизматрасониҳои худ намудҳои гуногуни интиқоли маблағҳоро дохил кардаанд. Интиқоли маблағ […]

Asia-Plus

Дар мавзӯи имрӯза мо Интиқоли маблағ ва бартариятҳои онро дида мебароем. Зарурати интиқоли маблағ дар ҳаёти қариб ҳама пайдо мешавад. Сабабҳо метавонанд гуногун бошанд: пардохти мол ё хизматрасонӣ, додани маблағ ба хешовандон ва дигарон.

Дар айни замон, қариб ҳамаи бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ ба номгўи хизматрасониҳои худ намудҳои гуногуни интиқоли маблағҳоро дохил кардаанд.

Интиқоли маблағ аз фиристонанда ба гиранда тавассути бонк, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ё ба воситаи шӯъбаи почта, бо ёрии системаҳои пардохтии миллӣ ё байналмилалӣ, бо гузаронидани маблағ ба ҳисоб ё додани пули нақд, сурат мегирад.

Интиқоли маблағҳо ба дохилӣ ва байнидавлатӣ ҷудо мешаванд. Дар интиқолҳои байнидавлатӣ бонкҳои кишварҳои гуногун ба низомҳои интиқоли маблағҳо пайваста, ба дигар давлатҳое, ки иштирокчии ин система ҳастанд, маблағ интиқол мекунанд. Инчунин интиқолҳо ба адресдор (яъне низоми интиқолӣ нишон додани адреси бонки интиқолшударо талаб мекунад) ва беадрес (яъне маблағро дар дилхоҳ бонке, ки ба ин низом пайваста аст, гирифтан мумкин  аст) ҷудо мешаванд,.

Интиқоли маблағҳо чӣ тавр сурат мегирад?

Сарфи назар аз андоза ва масофаи шаҳр ё кишвари гиранда, ин амалиёт дар 2-3 дақиқа бо истифодаи низомҳои интиқоли маблағ анҷом дода мешавад. Барои ин мизоҷ бояд худаш ба шӯъбае, ки хизматрасонии интиқоли маблағҳоро мерасонад, ояд. Инчунин, бояд ному насаби гирандаи маблағ, кишвар ва нуқтаи қабулкунанда (дар баъзе низомҳо) қайд карда шавад. Баъд аз ворид намудани маълумот ба низом,  пардохти маблағ ва комиссия, оператор ба фиристонанда рамзе, ки бо он интиқолро гирифтан мумкин аст, мегӯяд. Баъзе низоми интиқоли маблағҳо, барои бароҳатӣ, паёми SMS-иро бо рамз ба рақами телефони ирсолкунанда ва гирандаи маблағ ирсол мекунанд.

Аз сабаби босуръат будани интицоли маблағҳо ва нисбатан камтар будани талаботҳо барои амалӣ гардонидани он, имконияти интиқол додани воситаҳои пулӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, созмонҳои ҷиноӣ ин низомҳоро барои интиқол додани маблағҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм истифода бурда метавонанд. Аз ин рӯ, бонкҳои марказии кишварҳо тадбирҳои маҳдудкунандаи иловагиро барои коҳиш додани ин хатарҳо ҷорӣ менамоянд. Масалан, дар Тоҷикистон, бе пешниҳоди ягон ҳуҷҷат, дар давоми як рӯзи корӣ на зиёда аз 28 000 сомонӣ бо қурби БМТ интиқол додан мумкин аст. Барои интиқол кардани маблағи зиёдтар бонкҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро талаб менамоянд.

Намудҳои интиқоли маблағ

Имрӯз чунин намуди интиқоли маблағро истифода намудан мумкин аст:

– Интиқол ба суратҳисоби бонкӣ бо воситаи SWIFT.

– Интиқол тавассути низоми байналмиллалии пардохтӣ.

– Интиқол тавассути почта.

– Интиқоли электронӣ бо маблағҳои виртуалӣ.

Интиқол ба воситаи SWIFT.

Ин усул дорои суръати баланд нест. Фарогирии минтақа бениҳоят бузург аст, зеро дар SWIFT зиёда аз ҳашт ҳазор ташкилотҳои бонкӣ дар саросари ҷаҳон пайваст шудаанд. Бар хилофи низомҳои интиқоли маблағҳо, ба воситаи SWIFT маблағро метавон ба суратҳисоби бонкии гиранда интиқол дод.

Муддати интиқол ба ҳисоби миёна аз 1 то 3 рӯзро ташкил медиҳад, мавҷудияти суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои пешсафи ҷаҳон бошад, имконияти кам кардани вақти интиқолро то якчанд соат имкон медиҳад. Аризаро барои интиқол дуруст, бо номбар кардани рақамҳои суратҳисоб навиштан лозим аст. Дар акси ҳол маблағи интиқол дар ҳисобҳои муросилотӣ нопадид гаштанаш мумкин аст. Бозгашти интиқоли нодуруст фиристодашуда якчанд рӯзро ташкил медиҳад.

Интиқоли маблағ тавассути низомҳои байналмиллалии пардохтӣ

Бартарии асосӣ – суръат. Ба чунин низомҳо Western Uniоn, MoneyGram, Contact, UniStream ва диг. дохил ҳастанд. Гирандаи маблағи интиқолшуда бояд аризаро дуруст бо нишон додани ному насаби фиристонанда, рамз ва маблағ пур кунад. Маблағро дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии низомҳои байналмилалӣ фиристодан ва гирифтан мумкин аст. Ҳаҷми комиссия аз шартҳои дохилии низоми алоҳида ва ҳаҷми маблағ вобаста аст.

Камбудӣ: маҳдудият дар ҳаҷми маблағ – он набояд аз 28000 сомонӣ зиёд бошад. Ин низомҳо одатан бо доллар, рубл, баъзан евро кор мекунанд.

Интиқоли маблағ тавассути почта

Ин намуди интиқол соддатарин буда, омадани шахси интиқолдиҳанда бо шиноснома кифоя аст.

Камбудӣ: барои он вақт ҷудо намуда, ба соатҳои кории  почта мувофиқа кардан лозим аст. Агар байни хадамотҳои почтаи давлатҳо шартнома набошад, он гоҳ интиқол додани маблағ душвор мегардад.

Интиқоли электронии маблағ

Ба ин низомҳо WebMoney, Paypal, Яндекс-Деньги ва диг. дохил ҳастанд. Бартарияти асосии онҳо дар фавран гузаштани маблағ, инчунин бемаҳдудиятии маблағи интиқолшаванда мебошад. Ин намуди интиқолро бештар барои хариди мол ва хизматрасонӣ тариқи Интернет истифода мебаранд. Маблағ ҳамчун пулҳои электронӣ ворид мешавад ва онро ба корти пластикӣ гузаронидан мумкин аст. Барои гузаронидани ин амалиёт доштани смартфон ё компютер ва Интернет кифоя аст. Камбудиҳои ин низом сатҳи пасти бехатарӣ ва комиссияҳои баланд мебошанд.

Инчунин дар Тоҷикистон дар баробари низомҳои байналмиллалии пардохтӣ, низоми пардохти миллии Сония, ки интиқолҳоро дар дохили кишвар амалӣ мегардонад, фаъолият дорад.

Дар мавзӯи оянда, мо оид ба дуруст тартиб додани буҷаи оилавӣ сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.