Зани кӯдакрабо ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Date:

Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсов – ду нафари муттаҳам ба рабудани Ф.Б.-и ҳафтсола дар Душанбе – ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм охири моҳи октябри имсол аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт эълон шуда, аммо хабараш тоза расонаӣ гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти додгоҳ гуфтаанд, Аҳмедова дар баробари "одамрабоӣ" ба "ташкили фоҳишахона дар толори маҳс" низ айбдор шуда, мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард. Ба қавли мақомоти додгоҳ, Аҳмедова дар меҳмонхонаи "Душанбе-Палас" чанд занро барои танфурӯшӣ ҷалб карда будааст, ки зери чатри маҳсгарӣ фаъолият доштанд.

Аммо онҳо гуфтаанд, Матлуба Аҳмедова танҳо барои қасди рабудани Ф.Б. дар тобистони имсол айбдор шуда, дар ҳолатҳои дигари кӯдакдуздӣ даст надоштааст. “Қазияи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби ин зан дар моҳи июл ба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ пайванд мегирад”, – гуфтанд дар додгоҳ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 июли соли равон дар фазои иттилоотии кишвар дар бораи боздошти як гурӯҳи одамраборён дар пойтахт хабари пурҳангома мунташир шуд.

Зикр гардида буд, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиеро ошкор ва боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар қазияи  Сабина ва Малика Араловаи  5-сола – апаву хоҳаре, ки моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд, даст доранд.

Вале баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ ба хулосае расидаанд, ки сокини 48-солаи пойтахт Матлуба Аҳмедова ба дузди Ф.Б.-и 7-сола дар заминаи хусумати шахсӣ нисбати модари кӯдак гумонбар дониста мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...