Истифодаи балонҳои газ дар манзилҳои баландошёнаи пойтахт манъ шуд

Asia-Plus

Хадамоти оташнишонӣ истифодаи балонҳои газ дар манзилҳои баландошёнаи шаҳри Душанберо манъ кард. Ин манъкунӣ ба хонаҳои баландошёнаи аз панҷ ва баландтар аз он дахл дорад.

Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе бо мақсади бехатарӣ истифодаи балонҳои газ барои эҳтиёҷоти маишӣ дар манзилҳои баландошёнаро манъ кард. Сухангӯи хадамоти оташнишонӣ Каромат Абдуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин манъкунӣ ба хотири пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор сурат гирифтааст.

Барои риоя накардани ин муқаррарот шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 200 сомонӣ (каме бештар аз 25 доллар) ва мансабдорони масъул ба маблағи 800 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

«Ахиран сокинони манзилҳои баландошёна барои пухтани хӯрок ва гармкунии хонаҳо хеле зиёд аз балонҳои газ истифода карда, қоидаҳои одии бехтарии сӯхторро риоя намекунанд, ки ба ҳаёти худашону сокинони дигари ин хонаҳо ва амволи онҳо хатарнок аст», – шарҳ дод Каромат Абдуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони хадамоти оташнишонӣ бо аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида, сабабҳои ин амалро шарҳ медиҳанд. «Агар аз суҳбатҳо натиҷа ҳосил нашавад, шахсоне, ки онро нодида мегиранд, албатта ҷаримабандӣ мешаванд», – илова кард намояндаи хадамоти оташнишонӣ.

Қобили зикр аст, ки барои бисёре аз сокинони пойтахт дар муқоиса бо нерӯи барқ, истифода аз балони газ сарфакоронатар аст. Ғайр аз ин, дар ҳолатҳои қатъи нерӯи барқ, балони газ ягона воситаест барои тайёр кардани ғизо ё гарм кардани об.

Соли равон дар Душанбе алҳол ҳодисаҳои сӯхтор аз истифодаи балони газ ба қайд гирифта нашудааст. Нимаи моҳи декабри соли гузашта хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон сержант Максим Шеффер сокинони хонаи панҷошёнаи воқеъ дар паҳлӯи шаҳраки низомии пойгоҳи 201-ум дар шаҳри Душанберо аз таркиши балони газ наҷот дода буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, тобистони имсол масъулони нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки нозирони милиса аз онҳо хоҳиш кардаанд, то афродеро, ки аз ду балон бештар газ мехаранд, номнавис кунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...