Низомии пойгоҳи 201 сокинони Душанберо аз таркиш наҷот дод

Хизматчии ҳарбӣ, тирандози пулиси ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон сержант Максим Шеффер сокинони хонаи панҷошёнаи воқеъ дар паҳлӯи шаҳраки низомии пойгоҳи 201-ум дар шаҳри Душанберо аз таркиш наҷот дод. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба намояндаи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ полковник Ярослав Рошупкин хабар медиҳанд. «Бо шунидани доду фарёд барои кумаку имдод […]

ASIA-Plus



Хизматчии ҳарбӣ, тирандози пулиси ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон сержант Максим Шеффер сокинони хонаи панҷошёнаи воқеъ дар паҳлӯи шаҳраки низомии пойгоҳи 201-ум дар шаҳри Душанберо аз таркиш наҷот дод. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба намояндаи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ полковник Ярослав Рошупкин хабар медиҳанд.

«Бо шунидани доду фарёд барои кумаку имдод Максим Шеффер ба манзили оташгирифта ворид шуда, сокинони онро ба кӯча мебарорад. Сипас баллони газии хеле зиёд тафсидаро дарёфт ва онро ба гилем (палас) печонида, аз тиреза ба боғчаи назди ин хона мепартояд. Баъдан хизматчии низомии рус ба оташнишонони ҳозиршуда дар хомӯш кардани сӯхтор низ кумак кард», – иброз доштааст Я.Рошупкин.

Ба қавли ин афсари рус, соҳибхона – модари панҷ фарзанд Маҳбуба Шокирова ба Максим ва волидони ӯ миннатдорӣ изҳор намудааст.

«Барои зоҳир намудани ҷасорат дар ҳодисаи сӯхтор, Максим Шеффери 23-сола, зодаи деҳаи Корнеевкаи ноҳияи Москаленскии вилояти Омск аз ҷониби фармондеҳии пойгоҳ қадрдонӣ хоҳад шуд», – қайд кардааст Я.Рошупкин.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.