БМТ: Мо кормандони саррофиҳоро ҷарима намекунем

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор дошт, ки кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофиҳо) аз ҷониби ин ниҳод ҷаримабандӣ намешаванд. Аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки раҳбарияти Бонки миллӣ аз марги Алихон Азимов дар таассуфу андӯҳгин буда, ба наздикони ӯ самимона тасаллият изҳор медорад. «Барои оилаву хешон ва наздиконаш ин талафоти хеле бузург […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор дошт, ки кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофиҳо) аз ҷониби ин ниҳод ҷаримабандӣ намешаванд.

Аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки раҳбарияти Бонки миллӣ аз марги Алихон Азимов дар таассуфу андӯҳгин буда, ба наздикони ӯ самимона тасаллият изҳор медорад. «Барои оилаву хешон ва наздиконаш ин талафоти хеле бузург аст», – гуфтанд дар БМТ.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ изҳор дошт, ки барои риоя накардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиии БМТ, кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима накарда, танҳо моликони саррофиҳоро, ки аз моҳи апрели соли равон бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд дониста мешаванд, мавриди ҷаримабандӣ қарор медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ, ташкилотҳои қарзии хурд 60 ҳазор сомонӣ ва бонкҳо ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд. «Аз ин рӯ, Бонки миллӣ ба ҷаримае, ки тибқи маълумоти ВАО ба худкушии А.Азимов боис шудааст, ҳеҷ муносибате надорад. Кӣ медонад, шояд сабабҳои дигар низ ҷой доштанд. Умедворем, ки мақомоти тафтишот ба ин масъала рӯшанӣ меандозанд», – гуфт як манбаъ аз Бонки миллӣ.

Ҳамчунин ин манбаъ илова намуд, ки нуқтаи мубодилаи асъор, ки дар он Азимов фаъолият дошт, ба ҶСК «Тоҷиксодиротбнк» мансуб ст.

Радиои Озодӣ як рӯз пеш хабар дода буд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъор (саррофӣ)-и бозори «Фаровон»-и шаҳри Душанбе пас аз ҷаримабандӣ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Бонки миллӣ,

дар хонааш худро ба дор овехта, худкушӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.