Беҳбуди вазъи солимии тоҷики дар Волгоград латукӯбшуда

Вазъи саломатии шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Маҳсатулло, ки дар бемористони рақами 7-и шаҳри Волгоград бистарӣ шуда буд ва дар ин бора корбарони Фейсбук дар саҳифоти хеш репост намуда, имдод пурсида буданд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки бо дастури сафорат раиси ҷамъияти тоҷикони Волгоград, […]

ASIA-Plus



Вазъи саломатии шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Маҳсатулло, ки дар бемористони рақами 7-и шаҳри Волгоград бистарӣ шуда буд ва дар ин бора корбарони Фейсбук дар саҳифоти хеш репост намуда, имдод пурсида буданд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки бо дастури сафорат раиси ҷамъияти тоҷикони Волгоград, узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати ҶТ дар ФР Саидаҳмад Маҳмадов ва собиқ намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ дар минтақаи ҷануби Россия Нусрат Исматов ба бемористон рафта, аз ҳолу аҳволи бемор пурсон шудаанд ва ӯ ба худ омада, бо эшон суҳбат кардааст. «Духтурон гуфтаанд, ки пас аз ду-се рӯз ӯ пурра сиҳат шуда, аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки сафорат ҳамчунин наздикони бемор – ҳамсараш ва бародарашро пайдо карда, дар сурати пурра сиҳат шудан, бо дастгирии сафорат ва ҷамъияти тоҷикони вилоят онҳо метавонанд ӯро ба Ватан бубаранд.

Ёдрас мекунем ки рӯзи якшанбе, 13 декабр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук акси шаҳрванди Тоҷикистон гузошта шуда, зери он зикр гардид, ки ӯ

бо осори захми лату кӯби бераҳмона

дар бемористони ёрии таъҷилии №17-и шаҳри Волгогради Русия бистарӣ шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.