Тифли навзод дар оилаи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия соҳиби фарзанди севум шудааст. Фарзанди севуми ӯ чоруми декабр дар таваллудхонаи шумораи 2-и шаҳри Душанбе чашм ба дунё кушодааст. Дилшод Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба писари дувумаш Искандар ном гузоштааст. Писари калонии ӯ Далер 14-сола ва духтараш Амина 13-сола мебошанд. Вазни тифли […]

Радиои Озодӣ

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия соҳиби фарзанди севум шудааст. Фарзанди севуми ӯ чоруми декабр дар таваллудхонаи шумораи 2-и шаҳри Душанбе чашм ба дунё кушодааст.

Дилшод Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба писари дувумаш Искандар ном гузоштааст. Писари калонии ӯ Далер 14-сола ва духтараш Амина 13-сола мебошанд. Вазни тифли навзод 3 килову 750 грамм ва қадаш 52 сантиметр мебошад ва кӯдак солим ба дунё омадааст.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, навзод ва модараш ҳоло баъди рухсат шудан аз бемористон, ба манзили зисташон оварда шудаанд.

Ҳамсари Дилшод Назаров – Нигина Назарова дар мактаби миёнаи рақами 9-и шаҳри Душанбе ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Модараш Зайтуна Назарова мураббии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук мебошад. Падараш Ҷамолиддин Назаров соли 1996 дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистон дар Тавилдара ба ҳалокат расидааст.

Дилшод Назаров гуфтааст, ки феълан дар толори варзишии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба мусобиқоти бузурги соли оянда, ки қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё мебошанд, омодагӣ мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.