Истифодаи балонҳои газ дар манзилҳои баландошёнаи пойтахт манъ шуд

Хадамоти оташнишонӣ истифодаи балонҳои газ дар манзилҳои баландошёнаи шаҳри Душанберо манъ кард. Ин манъкунӣ ба хонаҳои баландошёнаи аз панҷ ва баландтар аз он дахл дорад. Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе бо мақсади бехатарӣ истифодаи балонҳои газ барои эҳтиёҷоти маишӣ дар манзилҳои баландошёнаро манъ кард. Сухангӯи хадамоти оташнишонӣ Каромат Абдуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, […]

Asia-Plus

Хадамоти оташнишонӣ истифодаи балонҳои газ дар манзилҳои баландошёнаи шаҳри Душанберо манъ кард. Ин манъкунӣ ба хонаҳои баландошёнаи аз панҷ ва баландтар аз он дахл дорад.

Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе бо мақсади бехатарӣ истифодаи балонҳои газ барои эҳтиёҷоти маишӣ дар манзилҳои баландошёнаро манъ кард. Сухангӯи хадамоти оташнишонӣ Каромат Абдуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин манъкунӣ ба хотири пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор сурат гирифтааст.

Барои риоя накардани ин муқаррарот шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 200 сомонӣ (каме бештар аз 25 доллар) ва мансабдорони масъул ба маблағи 800 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

«Ахиран сокинони манзилҳои баландошёна барои пухтани хӯрок ва гармкунии хонаҳо хеле зиёд аз балонҳои газ истифода карда, қоидаҳои одии бехтарии сӯхторро риоя намекунанд, ки ба ҳаёти худашону сокинони дигари ин хонаҳо ва амволи онҳо хатарнок аст», – шарҳ дод Каромат Абдуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони хадамоти оташнишонӣ бо аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида, сабабҳои ин амалро шарҳ медиҳанд. «Агар аз суҳбатҳо натиҷа ҳосил нашавад, шахсоне, ки онро нодида мегиранд, албатта ҷаримабандӣ мешаванд», – илова кард намояндаи хадамоти оташнишонӣ.

Қобили зикр аст, ки барои бисёре аз сокинони пойтахт дар муқоиса бо нерӯи барқ, истифода аз балони газ сарфакоронатар аст. Ғайр аз ин, дар ҳолатҳои қатъи нерӯи барқ, балони газ ягона воситаест барои тайёр кардани ғизо ё гарм кардани об.

Соли равон дар Душанбе алҳол ҳодисаҳои сӯхтор аз истифодаи балони газ ба қайд гирифта нашудааст. Нимаи моҳи декабри соли гузашта хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон сержант Максим Шеффер сокинони хонаи панҷошёнаи воқеъ дар паҳлӯи шаҳраки низомии пойгоҳи 201-ум дар шаҳри Душанберо аз таркиши балони газ наҷот дода буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, тобистони имсол масъулони нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки нозирони милиса аз онҳо хоҳиш кардаанд, то афродеро, ки аз ду балон бештар газ мехаранд, номнавис кунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.