Ш.Мирзиёев: Мақомоти давлатӣ бояд ба мардум хизмат кунанд, на мардум ба онҳо

Дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 24-умин солгарди Қабули Конститусияи Ӯзбекистон президенти тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод намудааст, ки соли 2017 дар Ӯзбекистон Соли муколама бо мардум ва манфиатҳои инсон эълон шавад. Ӯ ҳамчунин изҳор намудааст, ки шурӯъ аз соли 2017 ҳокимони вилоятҳо ва роҳбарони мақомоти прокуратура ва умури дохилӣ назди аҳолӣ ҳисобот хоҳанд дод. […]

Asia-Plus

Дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 24-умин солгарди Қабули Конститусияи Ӯзбекистон президенти тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод намудааст, ки соли 2017 дар Ӯзбекистон Соли муколама бо мардум ва манфиатҳои инсон эълон шавад.

Ӯ ҳамчунин изҳор намудааст, ки шурӯъ аз соли 2017 ҳокимони вилоятҳо ва роҳбарони мақомоти прокуратура ва умури дохилӣ назди аҳолӣ ҳисобот хоҳанд дод.

Хабаргузории Uzdaily.Uz менависад, ғайр аз ин, Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, ки мансаби ҳокимон (роҳбари маъмурият)-и вилоят интихобӣ шавад. «Мақомоти давлатӣ бояд ба мардум хизмат кунанд, на мардум ба онҳо ва ин ҳақиқатро роҳбарони ҳамаи сатҳҳо бояд ба хубӣ дарк кунанд», – таъкид доштааст ӯ.

Бино ба маълумоти Gazeta.uz, президенти тозаинтихоби кишвари ҳамсоя зикр кардааст, ки зимни таҳлили беш аз 218 ҳазор муроҷиату дархости шаҳрвандон, ки тариқи қабулгоҳи виртуалии нахуствазир ворид шудаанд ва дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ муътақид шудааст, ки мақомот муколама бо мардумро ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтаанд. «Онҳо бисёр мушкилоти мавҷуда дар ҷомеаи моро ошкор намуданд», – қайд кардааст Шавкат Мирзиёев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.