Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Гамбург ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба кори худ идома медиҳад; – Дар толори конфронси намояндагии СММ бо суроғаи кӯчаи Айнӣ 39 доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ, иҷро ва дастгирии амлисозии Барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 бо ҳайати коршиносони Барномаи рушди СММ вохӯрӣ доир […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар шаҳри Гамбург ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба кори худ идома медиҳад;

– Дар толори конфронси намояндагии СММ бо суроғаи кӯчаи Айнӣ 39 доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ, иҷро ва дастгирии амлисозии Барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 бо ҳайати коршиносони Барномаи рушди СММ вохӯрӣ доир мегардад. Оғоз соати 13-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8770 сомонӣ;

1 евро – 8.4969 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1214 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2004 – Раиси Кумитаи ҳифзи марзи давлатии назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Азимов ва роҳбари Хадамоти марзбонии Русия Владимир Проничев санади қабулу супоридани минтақаи Помири сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба имзо расониданд.

2004 – Бо дархости мақомоти Тоҷикистон раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Маскав боздошт шуда, баъдтар ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.

2008 — Дар Теҳрон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Эрон оғоз гардид.

2009 — Дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсияро ҷашн гирифтанд.

2009 — Дар шаҳри Турсунзода аз амали террористӣ бо мақсади аз байн бурдани раиси шаҳр пешгирӣ карда шуд.

1918 – Зодрӯзи дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ибодулло Абдуллоев.

1926 – Мавлуди ҳунарманди балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Рамзия Баккал.

1926 – Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Хушбахт Хушвақтов.

1966 – Мавлуди олими соҳаи тиб Ҷамолиддин Абдуллоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +4+6; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда,дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).  

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +11+13.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +1+3.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.