490 млн. доллар кумак ба бонкҳои гирифтори мушкилот

Date:

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Мувофиқи қарори қабулнамудаи вакилон, ояндаи наздик ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок – векселҳо дар назар аст, ки пардохтпазирии онҳо аз ҷониби Бонки миллӣ кафолат дода мешавад, яъне Бонки миллӣ аз бонкҳо вексел харида, ба онҳо пули нақд медиҳад.

«Векселҳо ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона ба 4 бонк – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» дода мешаванд», – хабар дод вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён ба вакилони парлумон.

Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» – 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» – 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.

Вазири молия қайд кард, ки векселҳо ба бонкҳои зикршуда бо гарави амволи манқул ва ғайриманқул дода мешаванд.

Ӯ илова намуд, ки механизми амалисозии қарори ҳукумат бояд дар муддати 1 моҳ таҳия гардад. «Дар чор бонки тиҷоратии зикршуда Шӯроҳои нозирон таъсис дода шуда, роҳбари онро ҳукумат таъин мекунад», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...